Ссылки доступа

Мушкили кӯҳканҳои норозии қазоқ ҳал шудааст


Ҳукумати вилояти Қарағандаи Қазоқистон бо нашри як иттилоия гуфт, нақбканоне, ки баъди 4 рӯзи эътироз аз зери замин ба берун баромаданд, "аз ҷавобгарии ҷиноӣ барои иштирок дар корпартоӣ озоданд". Мақомоти вилоят мегӯянд, дар ин бобат бо имзои додситони шаҳри Шахтинск ба таври хаттӣ кафолат дода шудааст.

Нақбканоне, ки шаби панҷшанбе ба ҷумъа аз нақбҳо берун баромада, ба хонаҳояшон баргаштанд, аз субҳи 16 декабр метавонанд, корро идома диҳанд. Ширкати "Арселор Миттал Темиртау" гуфт, имрӯз барои кормандонаш, ки аз рӯзи душанбе ба ин тараф бо талаби баланд бардоштани маош корпартоӣ карданд, истироҳат эълом шудааст, то нирӯи худро барқарор кунанд.

Ба огаҳии ширкат, то субҳи рӯзи ҷумъа тамоми нақбканони норозӣ аз зери замин ба берун баромаданд. Бино ба иттилои нақбканон, дар дохили шахтаҳо то имрӯз беш аз 700 кас эътироз доштанд.

Куҳканҳо баъди он аз шахтаҳо берун баромаданд, ки додгоҳи шаҳрии Шахтинск 14 декабр даъвои ширкати "Арселор Миттал Темиртау"-ро "дар бораи қатъи эътирози нақбканҳо" қонеъ карда, аз ангиштканон хост, корпартоии худро поён диҳанд.

Ба гуфтаи ҳукумати вилояти Қарағанда, ширкат ваъда додааст, маоши кормандонеро, ки дар зери замин кор мекунанд, 30 дарсад боло бурда, музди кормандони рӯйизаминиро дар рафти гуфтугӯҳои баъдӣ муайян кунад. Ҳамчунин ба ҳамаи нақбканон кумакпулии яквақта дода мешавад.

Намояндагони "Арселор Миттал Темиртау" гуфтанд, ки субҳи 15 декабр коргарони конҳои "Саранская" ва "Абайская" ба кори худ идома доданд.

XS
SM
MD
LG