Ссылки доступа

Шароити кори расонаҳои маҳаллии Қирғизистон беҳтар мешавад


Ҳукумати Қирғизистон дастур додааст, ки дар ҳар минтақаи ин кишвар дар асоси расонаҳои давлатии вилоятӣ марказҳои расонаӣ таъсис шавад.

Хадамоти матбуотии вазорати фарҳанг, иттилоот ва сайёҳии Қирғизистон мегӯяд, ин масъала дар ҷаласаи вазири фарҳанг Султон Жумагулов бо роҳбарони ширкатҳои радиову телевизиони маҳаллӣ баррасӣ шуд.

Вазир гуфт, бо дастури ҳукумат таъсиси марказҳои минтақаии расонаӣ дар назар аст, ки бояд чанд навъи хизматрасонии иттилоотиро ба роҳ монанд. Дар чунин марказҳо таъсиси телевизион, радио, нашрия, сомонаи иттилоотӣ, маркази матбуотӣ ва мактаби рӯзноманигорӣ дар назар аст.

Барои амалӣ кардани ин ислоҳот вазир ба роҳбарони расонаҳои минтақавӣ дастур додааст, ки барнома қабул кунанд. Хабар дода мешавад, ки ҳадафи ислоҳоти мазкур сарфакорона истифода бурдани маблағҳои буҷа аст, ки барои фаъолияти 34 нашрияи ноҳиявӣ ва 12 вилоятӣ, инчунин 6 телевизиони вилоятӣ ҷудо мешавад.

XS
SM
MD
LG