Созмондиҳандагони консерт ба Уилямс ҳангоми баромадаш дар саҳна ҷомаи миллии ӯзбекӣ пӯшониданд.
Ин консерти Робби Уилямсро дар Ӯзбекистон олигархи ӯзбектабори Русия Алишер Усмонов ташкил кард.
Расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, ки ҳунарнамоии Робби Уилямс дар Тошканд туҳфаи солинавии Усмонов ба ӯзбекистониҳо буд.
Билети ин консерт аз 1,5 то 2 миллион сӯм (180-245 доллар) арзиш дошт, ки ду баробар бештар аз маоши ҳадди миёнаи ӯзбекистониҳост.