Ссылки доступа

Дархости кумак аз президенти Тоҷикистон барои раҳоии Мирсаидов (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Гази моеъ гаронтар шуд. Навбати роҳкиро ва маҳсулот? Дар Душанбе арзиши гази моеъ, ки 60 дарсади мошинҳои сабукрав аз он истифода мекунанд, дар ҳафтаи равон якбора 60 дирам боло рафт. Агар ҳафтае пеш як литр гази моеъ 3 сомониву 40 дирам буд, ҳоло онро 4 сомонӣ мефӯрушанд (видео)

- Муфаттише дар Восеъ баъди гузориши Озодӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуд.(видео)

- Аз президенти Тоҷикистон дархост намудаанд, ки дар раҳоии Хайрулло Мирсаидов кумак кунад. Пажӯҳишгар аз Дания Майкл Андерсон аз президенти Тоҷикистон дархост намудааст, ки дар раҳоии Хайрулло Мирсаидов кумак кунад (видео)

- Парвиз Пӯлодӣ: Баъди Аҳмад Зоҳир, Кароматулло Қурбоновро куштанд. Овозхон ва ҳунарпешаи тоҷик Парвиз Пӯлодӣ аз таҷрибаи кораш дар филми коргардони рус Павел Лунгин "Братство" қисса кард (видео)

- Рақси "Лола"-и тоҷик дар Кореяи Ҷанубӣ. Дар шаҳри Сеул, пойтахти Куриёи Ҷанубӣ бахшида ба 25-солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни ин кишвар ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, ҷашнвораи таронаҳои мардумии ин минтақа баргузор шуд (видео)

- Байсалов: Умедворам, Ҷеенбеков мисли Отамбоев ба хатоҳо роҳ нахоҳад дод. Дар як мусоҳиаи вижа бо радиои Озодӣ сиёсатмадори қирғиз Эдил Байсалов изҳори уммед кард, ки президенти нави қирғиз Сооронбой Ҷеенбеков ба мисли раисумҷури пештара Алмосбек Отамбоев ба хатоҳо роҳ нахоҳад дод ва дар пайи беҳбуди равобит бо ҳамсоя-кишварҳо мешавад. (видео)

- Озору азияти ҷинсии занони афғон дар ҳаёти рӯзмаррраи онҳо. (видео)

- Мехоҳед муйсари рангинкамон дошта бошед? Як сартарош аз Австралия муйсари мугтариёнашро мисли рангинкамон ороиш медиҳад.(видео)

- Оё ИМА барои гуфтугӯ бо Куриёи Шимолӣ омодааст? Коршинос: Вашингтон ду навъи бархурд бо Пхенянро баррасӣ кардааст. (видеои Настоящее время)​

- Соли ояндаро дар Қирғизистон соли Чингиз Айтматов эълон мекунанд. Ӯро дар қабристон, тибқи васияти худаш, паҳлӯи падараш дафн кардаанд (видеои Настоящее время)

- Порлумони Қирғизистон пешниҳод дорад, ки истифодаи телефонҳои мобилӣ дар мактабҳо манъ шавад (видеои Настоящее время)

- Чаро муҳоҷирон фарзандонро дар ятимхонаҳо мегузоранд. Шумори фарзандони муҳоҷирони Қирғизистон дар ятимхонаҳо меафзояд. Бисёре аз онҳо наметавонанд пеш аз муҳоҷират рафтан фарзандонашонро назди пайвандон гузоранд (видео аз Директ)

- Чи гуна хонаҳои шаҳреро, ки баъди фурӯпошии СССР холӣ монд, тақсим мекунанд. Дар Сулюкта замоне то миллион тонна ангишт истихроҷ ва ба тамоми гӯшаву канори Қирғизистон ба воситаи роҳи оҳан интиқол дода мешуд. Баъди истиқлолият, бекорӣ одамонро маҷбур кард, ки онҷоро тарк кунанд ва хонаҳои худро низ ба далели набудани харидор гузошта, бираванд. (видео аз Директ)

- Бонки Русия Промсвязбонкро таҳрим кард: ин аллакай севумин бонки хусусии бузургтарини Русия аст. (видеои Настоящее время)

- Майдони Саакашвилӣ аз дурбини расонаҳо. Боздошт, додгоҳ ва робита бо Русия: мақомоти Украина президенти пешини Гурҷистон ва раиси пешини вилояти Одесса Михаил Саакашвилиро дар гирифтани маблағ аз Русия айбдор карданд (видео аз Директ)​

- Канада аз интиқоли силоҳ ба Украина ҷонибдорӣ кард. Ин чӣ маъно дорад? (видео аз Директ)

- Вазири пешини дифои Украина Лебедев дар Евпатория чӣ бунёд мекунад? Шаҳрдори Евпатория, ки зери назорати Кремл аст, нақша дорад, дар деҳаи Заозерное як истироҳатгоҳи замонавӣ бисозад. (видео аз Директ)

- Тӯйи арӯсӣ дар Бориспол. Дар Украина иҷозат дода шуд, ки сокинон дар фурудгоҳ ҳам ақди никоҳ банданд. (видеои Настоящее время)

- Қарордоди аср: чи гуна якҷошавии Disney ва 21th Century Fox саноати филмро тағйир медиҳад. (видеои Настоящее время)

- "Дар марказҳои ташкилкардаи мақомот ба ҳайвонҳо марги гуруснагӣ таҳдид мекунад". (нигористон)

- Ёдоварии қурбониёни ҳодисаҳои Декабр. Дар Алмато ва Остона иштирокдорони ҳодисаҳои Декабр ва фаъолон 17 март хотираи қурбониёни ҳодисаҳои Декабр ва Жанаозенро гиромӣ доштанд. Рӯзҳои 17-18 декабри соли 1986 дар Алмато ҷавонон зидди таъйин шудани Генаддий Колбини ноошно ба вазифаи раҳбари Қазоқистони ҶСШ тазоҳурот карданд. Он замон ин тазоҳурот ба воситаи низомиёну кормандони пулис сахт саркӯб карда шуд. (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG