Ссылки доступа

Боздошти яке аз роҳбарони эҳтимолии "Ҳизб-ут-Таҳрир" дар Қирғизистон


Дар вилояти Чуйи Қирғизистон зодаи вилояти Ӯши ин кишвар шаҳрванд К.Н., соли таваллудаш 1982 боздошт шуд. Мақомоти ин кишвар ӯро яке аз роҳбарони эҳтимолии созмони тундгарои "Ҳизб-ут-Таҳрир" медонанд.

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар якҷоягӣ бо кумитаи давлатии амнияти миллӣ амалиёти боздошти шаҳрванд К.Н.-ро анҷом додааст. Мақомот ҳамчунин дар доираи як парванда манзили чанд гумонбарро дар шаҳри Бишкек ва вилоятҳои Иссиқкӯл ва Чуй ҷустуҷӯ кардаанд.

Ба иттилои мақомот, ҳамаи гумонбарон аъзои фаъоли "Ҳизб-ут-Таҳрир" ҳастанд. Дар пайи ин ҷустуҷӯ мақомот шумори зиёди адабиёти мамнуи динӣ мусодира кардаанд.

XS
SM
MD
LG