"Пажуҳиши пешакӣ ба охир расид ва нусхаи парванда ба вакили дифоъ дода шуд. Аммо таҳқиқи додгоҳӣ ҳоло шуруъ нашудааст", - мегӯяд додситони Шветсия Ханс Ирман. Ба гуфтаи вай, интизор меравад баррасиҳои додгоҳӣ моҳи феврали соли 2018 оғоз шаванд.
7 апрели соли ҷорӣ мошини борбар дар маркази Стокҳолм ба анбуҳи пиёдагардон ҳамла кард. Дар ин ҳамла 5 тан кушта ва 15 каси дигар ҷароҳат бардошт. Дар доираи парвандаи мазкур 2 гумонбар боздошт шуд. Раҳмат Оқилов пушти фармони мошин нишаста буд. Дар бозпурсиҳо Оқилов ба гуноҳаш иқрор кард ва гуфт, "аз амалкардаш қонеъ аст ва ба хостааш расид".
Оқилов баъди анҷоми ҳамла 7 апрел тавонист ба ҷонибдорони гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" нома нависад. 10 апрел расонаҳои шведӣ мукотибаи ӯро бо ҷонибдорони "ДИ" нашр карданд. Дар ин мукотибаҳо, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифта буданд, Оқилов навиштааст, чӣ гуна ҳамларо анҷом хоҳад дод. Дар идомаи мукотибаҳо вай афзудааст, таассуф мехӯрад, ки зери чархи мошини вай шумори камтари одамон кушта шуданд.
Бино бар иттилои мақомоти Шветсия, Раҳмат Оқилови 39-сола соли 2014 ба Шветсия омада, дархости паноҳандагӣ кард. Аммо мақомот моҳи июни соли 2016 дархости ӯро рад карданд. 16 декабри соли 2016 мақомот ба Оқилов чаҳор ҳафта фурсат доданд, ки кишварро тарк кунад. Аммо баъди ин вай пинҳон шуд ва хадамоти муҳоҷират парвандаи ӯро ба пулис ирсол кард.