Ссылки доступа

Дар Қирғизистон раҳбари ҷиноҳи мухолифро $70 000 ҷарима карданд


Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек раҳбари ҷиноҳи мухолифи "Ота-Макон" Алмамбет Шикмаматовро 19 декабр 5 миллион сом (беш аз $70 ҳазор) ҷарима кард. Додситонии кулли Қирғизистон зидди Шикмаматов бо банди "Фасодкорӣ" парванда боз карда буд.

Худи сиёсатмадор пештар гуфта буд, ки парвандаи ӯ ангезаи сиёсӣ дорад ва мақомоти пешини Қирғизистон ҳам дар гузашта зидди рақибони худ аз ин гуна шеваҳо кор гирифтаанд.

Алмамбет Шикмаматов дар он айбдор мешавад, ки соли 2011, замони масъули Палатаи ҳисоби Қирғизистон буданаш бо аъзои комисия созиш карда, мошини ҳамсарашро бо нархи баланд ба тендер шомил кардаанд.

Дар доираи ин парванда ҳамроҳ бо Шикмаматов ду нафари дигар - масъули пешини Палатаи ҳисоби Қирғизистон Юсуф Имоналиев ва шаҳрванди Туркия Алӣ Юксел низ гумонбар буданд. Додгоҳ Имоналиевро 10,5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Додситон барои Шикмаматов 8 соли зиндони низомаш сахтро бо мусодираи молу мулк талаб карда буд. Вале додгоҳ вайро дар сӯистифода аз мансаб айбдор ва 5 миллион сом (беш аз 70 ҳазор доллар) ҷарима кард.

XS
SM
MD
LG