Ному насаби боздоштшуда эълом намешавад. Вале ба гуфтаи ХАУ, ӯ дар ҷараёни яке аз сафарҳои тӯлонии хидматияш ба ҷосусӣ ҷалб шуда, дар бораи фаъолияти ниҳодҳои давлатии Украина ба нафъи Русия иттилоъ ҷамъ мекард.
"Боздоштшуда хеле бо масъулияту диққат ва эҷодкорона барои хадамоти махсуси Русия кор мекард", - афзуд сардори Департаменти иктишофии ХАУ Алексей Петров.