- Баъди эътироз моҳонаи нақбканони Қарағанда зиёд шуд (видеои Настоящее время)
- "Ба шармгоҳи Рӯъё чӯб андохта ва гӯшҳояшро бо анбӯр тофтаанд". Дар Афғонистон узви як хонаводаеро дастгир намудаанд, ки арӯси 12 солаи худро пайваста шиканҷа мекардаанд. Ба нақли арӯси ноболиғ ӯ тӯли 3 сол дар хонаводаи шавҳар дар минтақаи Дулинаи вилояти Ғур таҳқиру азият дидааст, ва ҳоло дар яке аз дармонгоҳҳо табобат мегирад (видео аз Директ)
- Терминалҳо ба қабули пулҳои нав омода мешаванд. Рӯзи 20 декабр бо пахши як изҳорот Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки танзими кори терминалҳои қабулкунандаи пардохтҳо то охири соли ҷорӣ ба охир мерасад ва қабули пулҳои нави коғазӣ ҳам дар ҳамаи онҳо бемаҳдудият ҷараён хоҳад гирифт (видео)
- Эътилофи зидди шиканҷа аз ҳукумат хост, Мирсаидовро раҳо кунад. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рӯзи 20-уми декабр бо нашрия як изҳорот аз шеваи боздошти Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигори мустақил ва раҳбари КВН -- Маҳфили ҳозирҷавобони тоҷик, нигаронӣ кардааст (видео)
- Қимати газ ба айби кӣ дар Тоҷикистон боло рафт? Дар Тоҷикистон қимати гази моеъ боло рафт. Дар Душанбе арзиши гази моеъ, ки 60 дарсади мошинҳои сабукрав аз он истифода мекунанд, дар ҳафтаи равон якбора 60 дирам боло рафт. Агар ҳафтае пеш як литр гази моеъ 3 сомониву 40 дирам буд, ҳоло онро 4 сомонӣ мефӯрушанд (видео)
- "Хушдилон" ба занозании гурӯҳии ҷавонон бадал шуд. Як занозании гурӯҳӣ миёни ҷавонон боис шуд, ки мақомот дар шаҳри Панҷакент идомаи маҳфили “Хушдилон ва ҳозирҷавобон”-ро қатъ кунанд. Ин маҳфил бо қарори раиси вилояти Суғд миёни донишҷӯён ва мактаббачагон “ба хотири ҷилавгирӣ аз амалҳои номатлуб ва дарёфти истеъдодҳо” баргузор мешавад (видео)
- Путин ба Саймӯъмин Ятимов ва ҳамкоронаш чӣ гуфт? Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи 19-уми декабр дар Маскав бо раҳбарони ниҳодҳои амниятии кишварҳои Муштаракулманофеъ сӯҳбат кард ва гуфт, ки мубориза бо терроризм аз авлавияти кори онҳо боқӣ мемонад. Видео бе тарҷума ва бидуни шарҳ аст (видео)
- Ҷарроҳии пластикӣ на танҳо зебоиро бармегардонад. Агар нафаре ба хотири ислоҳ кардани ягон норасоии зоҳирӣ ҷарроҳии пластикӣ анҷом диҳад, нафари дигар баъди ҳодисаҳои нохуш ба ҷарроҳон муроҷиат мекунад (видео)
- Мактаби раққосаи болеи қирғиз дар Туркия. 23 сол аст, ки раққосаи болеи қирғиз Айсулуу Токомбоева дар консерваторияи донишгоҳи Ҳоҷитеппаи шаҳри Анқараи Туркия дарс медиҳад (видео аз Директ)
- Рӯйхати кушташудаҳои рафиқ Сталин. Рӯйхати кушташудаҳо, санадҳои бозпурсии "қатъиян махфӣ" - ин ва дигар санадҳои ҷинояткории мақомоти шӯравиро мешавад дар намоишгоҳи "Террори бузург"-и Бойгонии таърихии сотсиал-сиёсии Русия дар шаҳри Москва дид (видео аз Директ)
- Ҳуқуқшиноси НТС: Баъди ҳабси амвол телевизион мумкин аст баста шавад (видео аз Директ)
- ФСБ-и Русия гумонбари омодагӣ ба ҳамлаҳоро дар Петербург боздошт кард (видео)
- Соли 2017 наздики 400 кӯдаки фирорӣ дар роҳи байни Африқову Аврупо вафот кардааст – ЮНИСЕФ (видео аз Директ)
- Аксҳои як ҳафтаи охир аз Қрим (нигористон)