Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, ин ҳуҷҷат ба хотири қатъи таҷрибаи ҷамъоварии оҳанпора аз сӯи хонандагони муассисаҳои таълимӣ қабул шудааст, ки чандин сол инҷониб дар Ӯзбекистон роиҷ буд.
Пештар расонаҳо борҳо хабар додаанд, ки дар Ӯзбекистон на танҳо омӯзгорону хонандагон ё кормандони муассисаҳои тиббӣ, балки деҳқонон ва волидони кӯдакони боғча вазифадор ҳастанд, ба давлат оҳанпора супоранд.
Моҳи ҷорӣ раиси шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон Дилмурод Раҳматуллоев ба муассисаҳои таълимиву тиббӣ дастур дод, ки дар наздиктарин фурсат 600 тона оҳанпора супоранд. Ба ҷуз аз ин дар шаҳрҳои дигари Ӯзбекистон хонандагону кормандони тиббӣ ба ҷамъоварии оҳанпора сафарбар шудаанд.
Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, девони вазирони Ӯзбекистон аз онҳо супоридани оҳанпораро талаб мекунад.