Ссылки доступа

Қирғизистон ба Ӯзбекистон 550 млн кВт/соат нирӯи барқ хоҳад дод


Қирғизистон мехоҳад, ба Ӯзбекистон 550 миллион кВт/соат нирӯи барқ содир кунад. Муҳлати қарордоде, ки дар ин бобат 5 октябри соли равон дар шаҳри Тошканд имзо шуд, моҳи марти соли 2018 ба поён мерасад.

Содироти нирӯи барқи Қирғизистон ба Ӯзбекистон аллакай аз 15 декабр оғоз гаштааст. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, то имрӯз Қирғизистон ба Ӯзбекистон 3,7 миллион кВт/соат нирӯи додааст.

"Нирӯи барқ ба воситаи Шабакаи миллии барқии Қирғизистон содир мешавад. Ин раванд ҳамоҳангии низоми барқу обро дар Осиёи Марказӣ таъмин хоҳад кард", - гуфт сардори идораи рушди стратегии ширкати "Ӯзбекэнерго" Э. Саъдуллоев.

Ширкати "Ӯзбекэнерго" мегӯяд, тасмим дорад, дар оянда ҳамкориро бо низоми барқии кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил тақвият бахшида, маркази барқу гармидиҳии Сирдарёро замонавӣ гардонад ва тарҳҳоеро иҷро кунад, ки ба рушди соҳа равона шудаанд.

XS
SM
MD
LG