Ссылки доступа

Амволи НТС-ро ҳабс карданду пахши барномаҳояшро иҷозат доданд


Дар шаҳри Бишкек судиҷрочиён амволи телевизиони мустақили НТС-и Қирғизистонро рӯйхат карда, масъулияти ҳифзи онҳоро дар ихтиёри мудири кулли коргоҳ Жайнак Усон уулу гузоштанд.

Ба гуфтаи муҳаррири НТС Азиат Жекшеев, кори телевизион ба таври муқаррарӣ идома ёфта, барномаҳояш тибқи ҷадвал пахш хоҳанд шуд.

Шаби 19 декабр судиҷрочиён ҳамроҳи кормандони пулис ба коргоҳи НТС дар Бишкек омада, қарори додгоҳро қироат карданд, ки ҳабси амволи телевизионро пешбинӣ мекунад. Дар қарори додгоҳ омадааст, ки ширкати Grexton Capital LTD аз телевизион шикоят кардааст.

Телевизиони НТС ба Омурбек Бабанов, вакили порлумон ва номзади мағлуб дар интихоботи президентии ахири Қирғизистон тааллуқ дорад. Ӯ баъд аз интихобот Қирғизистонро тарк карда, Додситони кулли ин кишвар зидди ва парванда боз кард. Сиёсатмадори мухолифи қирғиз 13 ноябр аз раҳбарии ҳизби "Республика-Ота-Журт" истеъфо дод.

Масъулони додгоҳ низ дар навбати худ қарори марбут ба НТС-ро шарҳ доданд. Сухангӯи Департаменти додгоҳӣ Назира Сагиналиева гуфт, "дар инҷо ҳеч гуна ғасбкорие нест. Амволи НТС барои он ҳабс мешавад, ки ба хотири ҳифз шуданаш дар ихтиёри шахсони боварбахш қарор гирад".

Ҷузъиёти шикояти Grexton Capital LTD аз НТС феълан маълум нест.

XS
SM
MD
LG