Литсегевич 57 сол дорад. Дар муддати зиндагиаш вай 21 кӯдакро тарбия кардааст, ки 20 тани онҳо фарзандони дигарон будаанд. Сокини Хакасия ба додгоҳ шикоят бурд. Дар айни ҳол шикояти вай баррасӣ мешавад.
Охири моҳи августи соли ҷорӣ мақомот ҳамчунин ду фарзанди сокини Екатеринбург Юлия Савиновскихро аз вай гирифта буданд. Ин ҳодиса баъди он сурат гирифт, ки Юлия дар натиҷаи ҷарроҳӣ як пистонашро аз даст дод. Моҳи декабр қарори гирифтани кӯдаконро аз Юлия ғайриқонунӣ эътироф кард.