Ссылки доступа

Як ҳомии ҳуқуқ аз Ӯзбекистон дар Русия зиндонӣ шуд


Додгоҳе дар Москва як ҳомии ҳуқуқро аз Ӯзбекистон дар роҳбарии созмони мамнуи мазҳабӣ айбдор дониста, 16 сол зиндонӣ кард.

Раҳмиддин Камолов, зодаи 28-солаи вилояти Бухорои Ӯзбекистон рӯзи 17 декабр дар додгоҳи Москва муҳокима шуд. То замони боздошт Камолов дар созмони ҳомии ҳуқуқи "Помош-Ёрдам" дар шаҳри Москва фаъолият мекард.

Вакили дифои Камолов Тимофей Широков гуфт, бар асоси пажуҳиши муфаттишон, Камолов дар соли 2015 гӯё ба пайвастан ба ҳаракати "Ҳизб-ут-Таҳрир" даъват кардааст. Ба гуфтаи вакил, дар додгоҳ исбот нашуд, ки Камолов узви ин ҳаракат аст. Вакили дифоъ мегӯяд, аз болои ҳукми додгоҳ шикоят хоҳад бурд. Широков мегӯяд, дар доираи ин парванда чанд зодаи дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷавобгарӣ ҷалб шудаанд.

Камоловро дар Ӯзбекистон бо айби содир кардани ҷиноятҳои "Барҳам задани сохти конститутсионии Ӯзбекистон" ва "Ширкат дар созмонҳои мамнуи мазҳабӣ" дар ҷустуҷӯ қарор додаанд.

XS
SM
MD
LG