Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон ба Қазоқистону Русия меравад


Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков рӯзҳои 25-26 декабр бо сафари расмӣ ба шаҳри Остонаи Қазоқистон меравад. Дар ин бора Ойзода Субакожоева, корманди дастгоҳи президенти Қирғизистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи вай, Ҷээнбеков бо ҳамтои қазоқаш Нурсултон Назарбоев мулоқот мекунад. Роҳбарони ду кишвар масоили ҳамкориҳоро дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) баррасӣ мекунанд.

Баъди сафари Қазоқистон, Ҷээнбеков 26 декабр ба шаҳри Москваи Русия меравад ва дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ ширкат меварзад.

Ба гуфтаи Ойзода Субакожоева, дар ин мулоқот масоили муҳими байналхалқӣ ва минтақавӣ баҳс хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG