Ссылки доступа

Аз президенти Қазоқистон мехоҳанд, тағйирот ба қонуни ВАО-ро таҳрим кунад


Созмони мудофеи расонаҳо "Адил соз" гуфт, тасмим дорад, аз президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев хоҳиш кунад, ки зери тағйирот ба қонун дар бораи ВАО имзо нагузорад.

Дар изҳороти "Адил соз" аз 21 декабр омадааст, ки вакилони порлумони Қазоқистон бо қабули тағйироти баҳсбарангез ба қонун дар бораи ВАО "пешниҳод ва мулоҳизаҳои ҷомеаро нодида гирифтанд".

Вазири иттилоот ва иртибототи Қазоқистон Даурон Абаев дар ҷаласаи порлумон гуфт, намояндагони ВАО дар маҷмуъ "аз ҳамаи тағйирот ҷонибдорӣ мекунанд".

"Адил соз" дар изҳороташ навиштааст, муроҷиат ба президент бо дархости таҳрим ё вето "охирин имкони пешгирӣ аз амалишавии тағйирот ба қонуни ВАО аст". Пештар аз ин рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ аз сенат хоста буданд, ки тағйирот ба қонуни ВАО-ро қабул накунад.

"Дар мактуби кушод ба вакилони сенат, ки бо имзои садҳо рӯзноманигор, фаъолони шаҳрвандӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ таҳия шуда буд, мо хоста будем лоиҳаи тағйирот рад шавад, зеро он монеи мубориза бо фасод мешавад, рӯзноманигоронро вазифадор мекунад, ки пеш аз нашри асрори шахсӣ ва хонаводагӣ онро бо қаҳрамони матлаб ҳамоҳанг кунад, ҳуқуқи ҷомеаро ба дарёфти иттилоъ маҳдуд месозад, мафҳумҳои нави таблиғотро ворид мекунад, вазифаҳои мақомоти назоратии бахши ВАО-ро густариш медиҳад", - омадааст дар изҳороти "Адил соз".

XS
SM
MD
LG