Ссылки доступа

Аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, аз Google андоз ситонад


Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, аз ҳукумати кишвар хостааст, ки сомонаҳои бузурге чун Google, Алибобо Груп ва Телеграмро бояд андоз бандад. Давлатзода дар номаи худ, ки моҳи сентябр ба президенти Тоҷикистон навишта шуда, охири ҳафтаи ҷорӣ расонаӣ гардид, дар ин маврид ба таҷрубаи, ба қавли ӯ, босамари Русия ишора кардааст.

Вай гуфтааст, “баъди ҷорӣ шудани андоз аз арзиши иловашуда ба хидматрасонаҳои электронӣ дар Русия, ки аз тарафи Google, Apple, Microsoft, Facebook, eBay, Aliexpress, Yahoo, Bing ва ғайра расонда мешавад, дар семоҳаи аввали имсол ба буҷети давлатии он кишвар 2 миллиард рубл ворид шудааст.”

Раиси Кумитаи андоз афзудааст, қонунгузориҳои кишвар дар ин маврид ба ислоҳот ниёз доранд ва изҳори умед карда, ки дар сурати андозбандии Гугл ва ширкатҳои дигари интернетӣ буҷет фоидаи бештар хоҳад дид.

“Зарурат ба миён омадааст, ки барои ба танзим даровардани амалиёт дар интернет чораҳои дахлдор андешида шавад. Ҳамчунин, ба қонуни андоз ворид кардани талабот оид ба нигоҳ доштан ва ба буҷет гузарондани андозҳо аз хидматрасонии электронӣ, аз ҷумла ҷорӣ кардани андоз аз Интернет, ба мақсад мувофиқ мебошад”, - таъкид кардааст ӯ.

Пешниҳоди Нусратулло Далвтазода барои як навъ пур кардани буҷет дар ҳолест, ки дар 9 моҳи соли равон ба буҷети кишвар аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ 212 миллион сомонӣ камтар аз нақша маблағ ворид гашта, нақшаи андози иҷтимоӣ низ ба пуррагӣ иҷро нашуд. Ба ин сабаб охири моҳи ноябр Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумрук ва Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, бинобар ба таври зарурӣ “иҷро накардани вазифаҳои хидматиашон” танбеҳ гирифтанд.

XS
SM
MD
LG