Дар ин бора нашрияи The Washington Times хабар медиҳад. Маккейб дар ин бора дар ҷаласаи пушидаи Кумитаи иктишофии порлумони ИМА хабар додааст.
Расонаҳо менависанд, вакилон аз Маккейб пурсиданд, ки дар ҳоли ҳозир кадоме аз он иттилои дарёфтии Стил дар мавриди гуфтугузори эҳтимолии ситоди Трамп бо Русия тасдиқ шудааст. Маккейб гуфт, танҳо далели сафари ёвари Трамп Картер Пейджро дар моҳи июли соли 2016 ба Москва мешавад тасдиқ кард. Пейдж пинҳон накарда буд, ки ба Москва меравад ва аз сафари вай бисёриҳо огоҳ буданд.
Бюрои пажуҳишӣ дар авҷи маъракаи интихоботӣ дар ИМА бо парванда шинос шуд. Ҷамъоварии иттилоъро ба Стил Кумитаи миллии Ҳизби демократӣ супориш додааст. Дар ин ҳуҷҷатҳо рафтори ғайри қобили қабули Трамп дар сафари соли 2013 ба Русия зикр шудаанд. Сарфи назар аз он ки иттилои мазкур тасдиқ нашуд, раёсати иктишофии Бюрои пажуҳишӣ парвандаро ба баррасӣ гирифт.
Расонаҳои амрикоӣ менависанд, Маккейб, эҳтимол дорад, дар ибтидои соли оянда аз мақом барканор шавад. Ҷумҳурихоҳон дар Кумитаи иктишофӣ бар инанд, ки вай бояд аз пажуҳишҳои марбут ба номаҳои электронии ҷанҷолбарангези Ҳилларӣ Клинтон ва "парвандаи марбут ба Трамп" канор равад.