Дар ин ҷаласа дар баробари мансабдорон, ҳунарманди балет Николай Тсискаридзе, коргардон Владимир Хотиненко, ҳунармандон Михаил Боярский ва Владимир Машков, тарроҳ Валентин Юдашкин, пианинонавоз Денис Матсуев, намояндагони Comedy Club Гарик Харламов ва Михаил Галустян, хоккейбози шӯравӣ Владислав Третяк ва қаҳрамони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта Федор Емеляненко низ ҳузур доштанд. Пеш аз оғози ҷаласа ба иштирокдорон филми "Путин"-и Оливер Стоун ва "Қрим"-и Алексей Пиманов намоиш дода шуд.
Худи Путин дар ҷаласа иштирок накард. Дар Кремл гуфтанд, ки президенти Русия ба далели "банд" будани ҷадвали кориаш натавонист дар он ширкат варзад. Ба иттилои расонаҳои расмии Русия, Путин он замон бо аъзои ҳукумат "натиҷаҳои солона"-ро баррасӣ мекард. Пеш аз ин, ӯ бо кӯдаконе вохӯрд, ки ба назди арчаи солинавии Кремл омада буданд. Путин ба онҳо гуфт, ки идораи Русия барояш мушкил нест. "Зеро дар он кӯдаконе ба монанди шумо зиндагӣ доранд", - афзуд Путин.
Владимир Путин 65 сол дошта, аз соли 1999 ба ин сӯ Русияро раҳбарӣ мекунад. Ӯ 13 сол президентӣ ва чаҳор сол ҳукумати Русияро раисӣ кардааст.