Ссылки доступа

Қазоқистон ҳабси $22 миллиардашро "вазъи буҳронӣ" намедонад


Раиси Бонки миллии Қазоқистон (БМҚ) Даниёр Акишев 26 декабр баъд аз ҷаласаи ҳукумат ҳабси беш аз 22 миллиард доллар дороии Бунёди миллии кишварашро дар хориҷ шарҳ дода, гуфт, онро набояд як "вазъияти буҳронӣ" номид.

"Гап дар бораи аз даст рафтани дороие намеравад. Дар ҳақиқат, баҳсҳои ҳуқуқӣ идома доранд. Фикр мекунам, ҷонибҳо дар ниҳоят роҳҳаллеро пайдо мекунанд. Мо таҷрибаи хуб дорем ва умедворем, машваратчиёни мо ҳам корҳоро хуб пеш хоҳанд бурд. Дороиҳои Бунёди миллиро дар ҳаҷме, ки буданд, дубора ба даст хоҳем овард", - афзуд ӯ.

Акишев мегӯяд, маблағи даъво бо пуле, ки ҳабс шудааст, мувофиқат намекунад. "Мо аз болои ҳукм ба Додгоҳи олии Лондон шикоят бурда, хостем, қонунӣ будани он санҷида шавад. Вале даъвои мо рад шуд. Ҳоло танҳо ҳаққи шикоят аз болои ин қарорро дорем. Қарори бонки "New York Mellon" нодуруст аст, зеро маблағи даъво бо дороиҳои ҳабсшуда мувофиқат намекунад", - изҳор дошт раиси Бонки миллии Қазоқистон.

Бонки Ню-Йорк -- BNY Mellon дар пайи як баҳси ҳуқуқии Остона бо сармоягузори молдовӣ Анатол Статӣ дороиҳои Бунёди миллии Қазоқистонро дар ҳаҷми 22,6 миллиард доллар ҳабс кард. Статӣ ва ширкатҳои ӯ, ки дар бахши нафту гази Қазоқистон сармоягузорӣ кардаанд, мегӯянд, қурбони таъқибҳои ҳукумати ин кишвар ва президент Нурсултон Назарбоев шудаанд. Гӯиё ба онҳо фишор овардаанд, то дороиҳои худро бо нархи арзон фурӯшанд.

Вале ҷониби Қазоқистон мегӯяд, ширкатҳои Статӣ даст ба қаллобӣ заданд ва Остона маҷбур шуд, қарордоди ҳамкориро бо онҳо бекор кунад. Баррасии шикоятҳои Статӣ зидди Қазоқистон дар додгоҳҳои хориҷӣ чанд сол аст, идома дорад.

XS
SM
MD
LG