Ссылки доступа

Дар тирпарронии коргоҳе дар Москва як одам кушта шуд


Дар натиҷаи тирпарронӣ дар ҳудуди корхонаи "Меншевик"-и шаҳри Москва як одам кушта ва чанд тани дигар захмӣ шуд. Хабаргузории РИА-Новости ҳамчунин аз гаравгонгирӣ иттилоъ медиҳад.

Ба навиштаи хабаргузории "Интерфакс", тирпарронӣ миёни соҳибони корхона сурат гирифт. Яке аз онҳо аз силоҳ тир кушод.

Дар бораи боздоштшудаҳо ҳоло хабаре нест. Минтақаи ҳодиса аз сӯи пулис муҳосира шудааст.

XS
SM
MD
LG