Ссылки доступа

Дар Қирғизистон 50 хонанда аз гази муҳаррик заҳролуд шуд


Дар вилояти Чуйи Қирғизистон 50 хонандаи мактаби ба номи Исоеви деҳаи Кегетӣ аз гази муҳаррик заҳролуд шудаанд.

Ба огаҳии масъулони ҳолатҳои фавқулодаи Чуй, хонандагони синфҳои 7 ва 8-ум 27 декабр дар толори варзишии мактаб шабнишиниеро ташкил кардаанд ва баъди қатъ шудани нирӯи барқ онҳо муҳаррикро рӯшан кардаанд.

Дар натиҷа, пас аз се соат хонандагон бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба бемористони маҳаллӣ муроҷиат кардаанд. Дар ҳоли ҳозир, вазъи хонандаҳо муътадил арзёбӣ мешавад.

Мақомоти вилояти Чуй мегӯянд, шаби 27 декабр дар бархе аз минтақаҳои Қирғизистон ба далели боридани барфи зиёд хатҳои интиқоли нирӯи барқ канда шуданд ва дар натиҷа як қисми сокинони шаҳри Бишкек ва баъзе аз навоҳии вилоятҳои Таласу Чуй бе барқ монданд.

XS
SM
MD
LG