"Шумо медонед, ки дирӯз дар Петербург ҳамлаи террористӣ рух дод", - гуфт Путин ҳангоми қадрдонии низомиёне, ки дар амалиёти Сурия ширкат доштанд.
Таркиш дар фурӯшгоҳи "Перекресток"-и майдони Калинини шаҳри Петербург руд дод. Дар ин ҳодиса 13 одам ҷароҳат бардошт.
Кумитаи тафтишотӣ бо моддаи сӯиқасд ба ҷони ду ва ё зиёда одамон парванда кушодааст. Ба таҳқиқи ҳодиса Кумитаи миллии зиддитеррористӣ машғул аст.