Ссылки доступа

Боздошти се сокини Остона бо гумони "таблиғи терроризм"


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон иттилоъ дод, ки дар шаҳри Остона се сокини маҳаллиро бо гумони "таблиғи терроризм" дастгир кардааст.

Расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба хадамоти матбуотии кумита иттилоъ доданд, ки гумонбарон 28 декабр дастгир шудаанд.

"Боздоштшудаҳо атрофиёни худро ба ҳимояти созмонҳои байналмилалии террористӣ ва пайвастан ба онҳо даъват мекардаанд. Дар ҳоли ҳозир, бозпурсӣ ва бозҷӯиҳо идома доранд", - иқтибос овардаанд расонаҳо аз иттилоияи кумита.

Охирҳои моҳи ноябр пулиси Алмато гуфт, гуруҳеро боздошт кардааст, ки мехостанд "тартиботи ҷамъиятии шаҳр"-ро ба ҳам бизананд. Сухангӯи пулиси Алмато Салтанат Азирбек гуфт, зидди онҳо бо банди "Таблиғи терроризм ё даъвати оммавӣ ба амалҳои террористӣ" парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG