Ссылки доступа

Ширкати Kaz Minerals корпартоии куҳканҳояшро рад кард


Дар вилояти Қазоқистони Шарқӣ қисми куҳканҳои кони Артемев ба кор набаромадаанд. Расонаҳои маҳаллӣ 28 декабр хабар доданд, ки куҳканҳои басти шабона аз зери замин берун набаромада, ба кормандони басти субҳгоҳӣ низ иҷозати вуруд ба нақбро надодаанд.

Намояндаи расмии дафтари минтақавии ширкати Kaz Minerals Ермек Дюзкенев 28 декабр корпартоии кормандони ин ширкатро рад кард ва хабарро беасос донист.

Ба гуфтаи ӯ, кор дар кон тибқи барнома давом доранд. Ба он напайвастани коргарони басти субҳгоҳиро Дюзкенев ба баргузории ҷаласа рабт дод ва афзуд, ки раҳбарияти ширкат бо иштироки кормандон ҷаласаеро баргузор кардааст.

"Куҳканҳо ба саволҳояшон ҷавоб гирифта, пешниҳодҳои худро доданд. Масъалаи боло бурдани ҳаҷми маош ва ҷорӣ кардани басти севум баррасӣ шуд. Инро набояд корпартоӣ ё гирдиҳамоии беиҷозат номид", - навиштаанд расонаҳои маҳаллӣ ба нақл аз Дюзкенев.

XS
SM
MD
LG