Ссылки доступа

Бархӯрди боз як автобус ба истгоҳе дар шаҳри Москва


Дар шимолу ғарби шаҳри Москваи Русия автобуси мусофиркаш ба истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ бархурд. Дар ин ҳодиса касе кушта нашуд, аммо се одам ҷароҳат бардошт.

Пештар аз ин расонаҳо навиштанд, ки дар ҳодисаи мазкур ду кас кушта шудааст. Мақомот ин хабарро рад мекунанд. Шоҳидон аксу наворҳои ҷои ҳодисаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд.


Дар як ҳафтаи охир дар шаҳри Москва ин дувумин ҳодисаи бархурди автобус бо одамон аст.

25 декабр автобуси мусофиркаш ба одамоне бархурд, ки аз роҳи зеризаминии наздики истгоҳи метрои "Славянский булвар" убур мекарданд. Бино бар иттилои расмӣ, дар он ҳодиса 4 тан кушта ва 11 тани дигар ҷароҳат бардошт.

XS
SM
MD
LG