Қазоқистон дар ин мақом мехоҳад, аз манофеи Осиёи Марказӣ ҳимоят ва бо терроризм муқобила кунад, бидуни силоҳи ҳастаӣ ба сулҳу оромиш бирасад, низоъҳои байналхалқиро танзим ва хатарҳои ҷаҳониро бартараф созад. Дар ин бора дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар дода шудааст.
Бо ташаббуси Остона дар Шӯрои Амнияти СММ бори аввал маросими парчамбардории давлатҳое барпо мешавад, ки узвияти муваққати Шӯрои Амният шудаанд. Кот-д'Ивуар, Кувейт, Нидерландия, Перу, Лаҳистон ва Гвенияи Экваториалӣ то соли 2019 шомили Шӯрои Амният шуданд.
Қазоқистон - яке аз ҳашт узви ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ аст, ки муҳлати узвияташ 31 декабри соли 2018 ба охир мерасад. То он замон Остона раисии Шӯрои Амниятро бар дӯш хоҳад дошт. Раис низомномаи фаъолияти Шӯроро амалӣ месозад, кори мунтазами Шӯроро таъмин ва инчунин аз номи Шӯро изҳори назар менамояд.