Ссылки доступа

Додситонӣ: Қурбониёни ҳодисаи Хуҷанд аз "нитрити натрий" ҷон бохтанд (видео)


Додситонии шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ташхиси тиббиву додгоҳӣ маълум кардааст, ки чаҳор нафар дар микрорайони 19-и шаҳри Хуҷанд бар асари заҳролудшавӣ аз "нитрити натрий" ҷон бохта, 5 нафари дигар дар бемористон бистарӣ ҳастанд.

Додситонӣ тавассути телевизионҳои маҳаллӣ ба сокинони Хуҷанд ҳушдор додааст, ки ҳини истифодаи намак аз эҳтиёт кор бигиранд. Ба гуфтаи додситонӣ, ин афрод нитрити натрийро ба ҷои намаки ош дар пухтани палав истифода бурдаанд ва боқимондаи он дар як зарфи хурд дар ҷои ҳодиса дарёфт шудааст. Дар таркиби ҷасадҳои фавтидагон миқдори кушандаи нитрити натрий ошкор шудааст.

Акбар Шарифов, сухангӯи идораи корҳои дохилии Суғд дар бораи ҳодисаи заҳролудшавии одамон дар маҳфили палав гуфт, ки, "рӯзи 30-юми декабр маҳфили ҳамсояҳое, ки ба таҷлил аз Соли Нав дар назди ҳавлии худ гирди дастархони идонаву палав ҷамъ омада буданд, бо фоҷиа анҷомид ва 4 нафар аз истеъмоли ғизо заҳролуд гашта ва 4 нафари дигар дар вазъи вахим ба бемористон бурда, бистарӣ карда шуданд."

Яке аз наздикони Тоҳир Носирови 56-сола, ки дар ин ҳодиса ҷон бохтааст, мегӯяд, ҳодиса дар назди бинои шумораи 5-и маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд иттифоқ афтодааст. Ба гуфтаи вай, қурбониён онҳое буданд, ки мунтазам бо ҳам нишастҳо доштанд. Ба иттило ин манбаъ, ҷасади ин афрод қабл аз зӯҳри рӯзи якшанбеи 31-уми декабр ба хок супурда шудааст.

Место трагедии
Место трагедии

Додситонии Хуҷанд нисбат ба ин ҳодиса тибқи моддаи 108-и Кодекси ҷиноӣ -- “аз беэҳтиётӣ ба марг расондан”, парванда боз карда, таҳқиқи онро пеш мебарад. “Гурӯҳи кории таҳқиқи ин ҳодиса дар ҳоли ҳозир ба муайян кардани он машғул аст, ки кӣ “нитрити натрий”-ро ба ҷои намаки ош овард. Ва аслан онро кӣ ва аз куҷо дастрас намуд",-афзуд мусоҳиби мо аз додситонии Хуҷанд.

Нитрити натрий (NaNO3 ) як моддаи кимиёии ба намаки ош монанд аст, ки онро умдатан дар корхонаҳои коркарди гӯшт ба ҳайси рангбахш ва барои 100 кило гӯшт ҳамагӣ 7 грамм ва барои орд ҳамагӣ 5 грамм ба кор мебаранд. Ин модда ба нону гӯшт ранги сурхи рӯшан мебахшад.

Прокуратура: жители Худжанда отравились пловом с нитратом натрия
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:22 0:00

XS
SM
MD
LG