Ссылки доступа

Назорати маросими хурсандӣ ва мотам дар Тоҷикистон сахттар шуд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Навбат дар назди банкомат дар Шаҳристон. Дар оғози соли нави милодӣ ба дасти Радиои Озодӣ аз корбарон видеои наве расид, ки дар он гурӯҳе аз мардуме дида мешавад, ки барои гирифтани пул дар назди банкомате навбат истодаанд. (видео)

- Муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна кор мекунанд. Дар наворе ки аз як муҳоҷири тоҷик дар Русия Ҳикматулло дастрас кардем, шароити кору ҷойи кори муҳоҷиронро мебинем. (видео)

- Аз биё биё, то бирав бирав. Вазъи мусофирбарҳо дар Душанбе. Як корбари Радиои Озодӣ бо ирсоли видео аз мо хостааст, масъалаи ҳаракати нақлиёт дар шаҳри Душанберо бо мақомот дар миён бигузорем. (видео)

- Гулрухсор: Вафое, ки гум кардем, дар сагу харчанг меҷӯем. Шоири маъруфи тоҷик дар остонаи соли нави 2018 ба афроди дорову сарватманди кишвар муроҷиат кард ва гуфт, “сандуқ-сандуқ пулҳои ҷамъкардаи худро ба дармондаҳо тақсим кунед”. (видео)

- Назорати маросими хурсандӣ ва мотам дар Тоҷикистон сахттар шуд. Агар феҳрасти калимаҳои серистифода миёни мардум ва матбуоти Тоҷикистон дар соли 2017 таҳия шавад, “танзим” дар ин раддабандӣ ба эҳтимоли зиёд мақоми аввалро касб хоҳад кард. (видео)

- Фирӯзаро интиқоди мардум наранҷондааст. Фирӯза Ҳафизова аз камтарин овозхононест, ки метавонад дар бораи зиндагии шахсии худ ҳам бепарда сӯҳбат кунад (видео аз Директ)

- Зулайхо гуфт, ки чаро ҷарроҳӣ кард? Дар бораи ин сароянда овозаҳои зиёд паҳн мешуд. Зулайхо мегӯяд, кадоме аз онҳо рост буду кадоме дурӯғ. (видео аз Директ)

- Нигина дар соли 2018 бо чеҳраи нав ба саҳна меояд. Нигина Амонқулова баъди хомӯшии яксола мегӯяд бо ӯ чӣ гузашт (видео аз Директ)

- Фарзона: "Тарбияи фарзандамро ба касе бовар намекунам". Фарзонаи Хуршед, овозхони тоҷик мегӯяд, "рости гап, ман ҳар саҳаре, ки аз хоб мехезам, бе фарзандон худро тасаввур карда наметавонам. Тарбияи фарзандро ба касе бовар карда наметавонам, ба хотире, ки фарзандони худам ҳастанд." (видео аз Директ)

- Чаро Минои бегуноҳ 11 сол боз дар зиндон аст. Дар Афғонистон садҳо кӯдаки бегуноҳ ҳаст, ки мисли ҷинояткор пушти панҷара ва дар зиндон нигаҳ дошта мешаванд. (видео)

- Осиё: ҷамъбаст ва беҳтарин гузоришҳои соли 2017. (видео)

- Сокинони Теҳрон аз мушкилоти иқтисодӣ шикоят доранд. Сокинони Теҳрон аз мушкилоти иқтисодӣ шикоят доранд. Дар пурсиши сарироҳӣ хабарнигори Франс Пресс аз сокинони Теҳрон пурсид, ки вазъи иқтисодии онҳо чӣ уна аст? (видео)

- Тогуз-Торо. Рӯбоҳ Алиса ба хотири тамошои телевизиор ба хонаи як сокини маҳаллӣ меояд. (видео)

- Мақомоти Тоҷикистон соли 2018-ро "соли ҳунарҳои мардумӣ" эълом ва косибонро аз андоз озод карданд. (видеои Настоящее время)

- Бештари сокинони Тоҷикистон тавони харидани арчаи солинавиро надоранд. (видеои Настоящее время)

- Мақомоти Русия ба зани ӯзбек духтарчаашро баргардонданд. (видео)

- Ишқ ҳатто як сол давом накард: муҳаббати сиёсии Трампу Путин - дар соли 2017 (видео аз Директ)​

- Саг - содиқтарин дӯсти инсон. - Светлана мегӯяд, ки ӯро аз гуруснагӣ ва марг саг наҷот додааст. Се саги навъи овчаркаи олмонӣ тақрибан 20 сол аст, ки рӯзии ҳамсарони 70-соларо дар Душанбе таъмин мекунанд. (видео аз Директ)​

- Ронандаи автобус: 15 ҳазор дар моҳ ва 14 соати корӣ дар рӯз. Майрамбек Солтонбоев каме бештар аз 50 сол син дорад. Вай бештар аз 10 сол аст, ки дар шаҳри Бишкек автобус меронад. Рӯзи кории вай 13-14 соат давом мекунад (видео аз Директ).​

- Шиносномаи биометрӣ ва изи ангушт: сокинони Русия ба Украина тибқи қоида нав сафар мекунанд. (видеои Настоящее время)

- Додситонӣ: Қурбониёни ҳодисаи Хуҷанд аз "нитрити натрий" ҷон бохтанд. (видео)

- Муносибатҳои Куриёи Шимолӣ бо Куриёи Ҷанубӣ беҳ мешаванд? Роҳбари Куриёи Шимолӣ гуфт, ки омодааст варзишкорони кишварашро ба Олимпиадаи Куриёи Ҷанубӣ фиристад (видео аз Директ)​

- Ирина Ноздровская: ҷасади яке аз ҳуқуқшиносони маъруфи Украинаро пайдо карданд. (видео аз Директ)

- Қазоқистон: ҳодисаҳои соли 2017 ба ривояти карикатураҳо. (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG