Ссылки доступа

ВАО: дар гулӯлаборони пойгоҳи низомии Русия дар Сурия 7 ҳавопаймо маҳв шуд


Дар натиҷаи гулӯлаборони пойгоҳи низомии Русия дар Хмеймими Сурия 31 декабр на камтар аз ҳафт ҳавопаймо тахриб шудааст. Наздики 10 низомӣ ҷароҳат бардоштааст (дар айни ҳол гуфта намешавад, ки онҳо низомиёни рус ҳастанд ё сурӣ).

Дар ин бора нашрияи "Коммерсантъ" бо такя ба манбаъҳои дипломатӣ ва низомиаш хабар медиҳад. Вазорати мудофиаи Русия дар ҳоли ҳозир ин иттилоъро шарҳ намедиҳад.

Аз шумори ҳавопаймоҳои тахрибшуда 4 адад бомбаафкани Су-24, ду ҳавопаймои қиркунандаи Су-35С ва як ҳавопаймои борбари Ан-72 будааст. Гуфта мешавад, пойгоҳро тундгароён гулӯлаборон кардаанд. Пойгоҳи Хмеймимро артиши ҳукуматии Сурия муҳофизат мекунад.

Расонаҳои Русия ва мақомоти ин кишвар аз як ҳамлаи дигар хабар медиҳанд, ки 27 декабр сурат гирифтааст. Ба гуфтаи мақомот, дар он ҳамла одамон ва техника зарар надидаанд.

Пештар аз ин вазорати мудофиаи Русия марги ду низомии русро дар таърихи 31 декабр дар Сурия тасдиқ кард. Чархболе, ки низомиён дохили он буданд, суқат кардааст. Мақомот сабаби суқутро нуқси техникӣ меноманд.

XS
SM
MD
LG