Санҷиши имомхатибон охири соли 2017 анҷом шуд ва натиҷаҳои он ба худи онҳо ҳам дар рӯзҳои аввали соли нав маълум гардид. Қарор аст баъди ин дар фурсати наздик санҷиши 3000 имоми масҷидҳои панҷвақта шурӯъ шавад.
Санҷиши савияи дониши имомхатибон ҳанӯз нӯҳ соли пеш роҳандозӣ шуда, имсол низ бисёриҳо аз натиҷаи он норозиянд. Бархе аз имомхатибон барканории худро ноодилона номида, мегӯянд, бо вуҷуди посух додан ба ҳамаи суолҳо, ҳайати комисия ба кору дониши онҳо баҳои манфӣ дода, аз имоматӣ маҳрум кард.
Мақомот мегӯянд, вазифаи имомхатиби масҷид на танҳо аз танзими ҷараёни намозгузориву мавъизаҳо, балки аз ташкили шароити хоҷагиву маишии ин муассисаҳои динӣ ҳам иборат аст.
Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2014 барои имомхатибони масҷидҳои ҷомеи кишвар то 800 сомонӣ маоши моҳона муқаррар карда, харҷи масҷидҳо аз ҳисоби пули хайрияи мардум аст.