Ба гуфтаи масъулони Вазорати муттаҳидаи Куриёи Ҷанубӣ, қарор аст, дар гуфтугӯ масоили марбут ба иштироки варзишгарони Куриёи Шимолӣ дар Бозиҳои зимистонаи олимпии Пхёнчхан ва вазъ дар нимҷазираи Куриё баррасӣ шаванд.
Раҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин дар табрикоти солинавии худ гуфт, ки Пхенян барои гуфтугӯ бо Сеул омодааст ва мехоҳад, тими мунтахаби худро ба Бозиҳои олимпии Пхёнчхан фиристад. Президенти Куриёи Ҷанубӣ Мун Чжэ Ин аз тасмими Ким Чен Ин истиқбол кард.
Раҳбари Куриёи Шимолӣ 3 январ барои оғози гуфтугӯҳо бо Куриёи Ҷанубӣ дастур дод. Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Пхёнчхани Куриёи Ҷанубӣ аз 9 то 27 феврали соли равон баргузор хоҳанд шуд.
Президенти ИМА Доналд Трамп низ аз пешниҳоди оғози гуфтугӯ миёни ду Куриё ҷонибдорӣ кард. Вазорати дифои Амрико гуфт, размоиши муштараки низомӣ бо Куриёи Ҷанубӣ, ки қарор буд аввали соли равон баргузор шавад, ба таъхир гузошта шуд. Пхенян пештар баргузории ин тамринро сахт интиқод карда буд.
ИМА охирҳои моҳи декабри соли 2017 таҳримҳоро зидди Куриёи Шимолӣ сахттар кард. Шӯрои амнияти СММ низ 22 декабр дар посух ба озмоиши мушакии моҳи ноябр зидди Пхенян таҳримҳои нав ҷорӣ намуд.