"Дар ин бобат тасмим гирифта шудааст ва ба ҷониби Ӯзбекистон низ посух фиристодем. Масирҳои нави ҳавоӣ дар ояндаи наздик боз хоҳанд шуд", - гуфтаанд дар Вазорати нақлиёт.
Ёдрас мешавем, парвозҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон моҳи феврали соли 2017, баъди 25 сол аз сар гирифта шуд. Дар ҳоли ҳозир, ҳавопаймоҳои “Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ” ҳафтае як бор, рӯзи сешанбе дар масири Душанбе-Тошканд парвоз мекунанд.
Пайвандҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 1992, баъди оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар қатъ шуда буд.