Ссылки доступа

Мансабдори қирғиз хоб рафтанашро дар утоқи корӣ шарҳ дод


Раиси Идораи давлатии омори ноҳияи Ноокати Қирғизистон Расулбек Ташов видеои нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ ва хоб рафтани одамон дар утоқи кории худро шарҳ дод. Ин видео ахиран дар Интернет нашр шуда, вокунишҳоеро ба бор овардааст.

Ба гуфтаи Ташов, ин наворро душманонаш ба хотири сиёҳ кардани ӯ як рӯз пас аз интихоботи президентии Қирғизистон - 16 октябри соли 2017 бардоштаанд.

"Он рӯз ман обмева хӯрдам. Душманони ман дар он доруи хоб партофта будаанд. Навор барои сиёҳ кардани ман гирифта шудааст. Ман нӯшокии спиртӣ наменӯшам ва шахсе, ки дар навор дар канори ман аст, на корманди пулис, балки як сокини оддӣ аст", - афзуд ӯ.

Ташов мегӯяд, ин наворро кормандоне сабт кардаанд, ки бо раиси пешини идораи омор Байиш Дубанаев кор кардаанд.

9 январ дар Интернет видеое нашр шуд, ки нишон медиҳад, дар утоқи кории Ташов ду нафар хобанд ва рӯи миз шишаҳои холии арақ ва обмева истодааст. Як қатор расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, ки шахси дувум сардори пулиси Ноокат ҳаст. Вале масъулони хадамоти матбуотии пулиси Ӯш ин хабарро рад карданд.

XS
SM
MD
LG