Ссылки доступа

Нахуствазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад


Нахуствазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов субҳи 10-уми январ бо як сафари корӣ ба Тоҷикистон омад. Аз дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфтанд, ки нахуствазири Ӯзбекистон бо як ҳайати баландпоя ба Душанбе омадааст.

Ин нахустин сафари кории Абдулло Орипов, нахуствазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон паз аз таъйинаш ба ин вазифа аст. Дар назар аст нахуствазири Ӯзбекистон қабл аз зӯҳри имрӯз бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор ва гуфтугӯ намояд.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, пас аз мулоқот бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон, нишасти Комиссияи муштараки иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мешавад, ки дар он нахуствазирони ду кишвар ширкат хоҳанд кард.

Ҳамчунин ба гуфтаи вай, нишасти Комиссияи байниҳукуматии таъйини хатти марз миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир мешавад. Аз 1284 километр марзи муштараки Тоҷикистон бо Ӯзбекистон, бинобар иттилои охирини Кумитаи идораи замин ва геодезӣ, танҳо 93 километр тақсим ва аломатгузорӣ ношуда боқӣ мондааст.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи огоҳ дар Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, Абдулло Орипов рӯзҳои 10-11 январ дар Душанбе машғули таҳияи сафари Шавкат Мирзиёев мешавад. Ба гуфтаи вай, ҷаноби Орипов бо ҳамтои тоҷикаш Қоҳир Расулзода, мақомоти вазорати хориҷа, Кумитаи марзбонии Тоҷикистон ва ширкати “Барқи тоҷик”-у “Роҳи оҳани Тоҷикистон” низ мулоқотҳои ҷудогона хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG