Ссылки доступа

Дар Туркманистон меҳмонсарои 300 миллиондолларӣ месозанд


Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дастур додааст, ки дар шаҳри Ишқобод, пойтахти кишвараш меҳмонсароҳои нави гаронарзиш бунёд кунанд. Ба иттилои хабаргузории расмии ТДХ, ин дастурро ӯ дар ҷараёни сафари корияш дар Ишқобод ба воситаи чархбол додааст.

Яке аз меҳмонсароҳои нав бо маркази тиҷорӣ қарор аст, дар чорроҳаи хиёбонҳои А. Ниёзов ва Ҳоҷӣ Аҳмад Ясавӣ, дар наздикии фурудгоҳи байналмилалии Ишқобод бунёд шавад. Он дар масоҳати 6,9 ҳектар замин бунёд шуда, аз 9 ошёна иборат аст. Меҳмонсаро дорои 90 утоқ, фурӯшгоҳ, тарабхона ва толорҳо барои баргузории чорабиниҳо хоҳад буд. Бо пешниҳоди президент он "Қаракум" номгузорӣ хоҳад шуд.

Меҳмонсарои дувум дар доманакуҳҳои Копетдаг бунёд карда мешавад. Арзиши бунёди меҳмонсароҳои нав дар хабарҳои расмӣ зикр намешавад. Ҳамчунин гуфта нашудааст, ки онҳоро кӣ ва кай бунёд хоҳад кард. Барои сохтмони меҳмонсароҳо тендер низ баргузор нашудааст.

"Корҳои сохтмонии меҳмонсаро, ки қарор аст, дар кӯчаи "10 соли рафоҳат" бунёд шавад, бидуни ҳеч гуна тендере ба зиммаи ширкати фаронсавии "Буиг" вогузор шуда, 300 миллион доллар харҷ дорад", - гуфт як манбаи мо.

Ба гуфтаи ӯ, ин меҳмонсароҳо бояд то конфронси байналмилалие мавриди истифода қарор гиранд, ки се сол баъд дар Ишқобод баргузор хоҳад шуд. Воридоти масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди онҳо аллакай оғоз шуда, барои ҳар дуи меҳмонсароҳо беш аз 500 миллион доллари амрикоӣ сарф хоҳад гашт.

Ширкати "Буиг" (Bouygues) фаъолиятро дар Туркманистон соли 1993 оғоз кардааст. Он то ҳол дар Туркманистон қасри президент, бинои порлумон, меҳмонсарои панҷситорадори "Юлдуз", Маҷлисгоҳ, биноҳои Донишгоҳи байналмилалии илмҳои башарӣ ва рушд, Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷӣ ва Палатаи савдову саноати Туркманистонро бунёд кардааст.

XS
SM
MD
LG