Ссылки доступа

Дар Қирғизистон мехоҳанд, хонандагон дар ҳафта панҷ рӯз таҳсил кунанд


Вакилони порлумони Қирғизистон 10 январ дар хониши севум тағйирот ба қонун "Дар бораи таҳсил"-ро қабуд карданд. Бар асоси тағйирот, мактабҳои миёнаи он кишвар ба ҳафтаи таҳсили панҷрӯза мегузаранд.

"Гузаштан аз таҳсили 6-рӯза ба 5-рӯза хастагии хонандагонро кам ва истироҳати омӯзгоронро зиёд мекунад", - шарҳ медиҳанд муаллифони лоиҳа.

Ба гуфтаи вакилони порлумон, гузаштан ба ҳафтаи таҳсили панҷрӯза зарурӣ аст, зеро "таҳсили 6-рӯза дар мактабҳо барои хонандагону омӯзгорон сангин аст". "Хонандагон барои машғул шудан ба варзиш, давраҳои омӯзишии дигар, инчунин барои истироҳати хуб фурсат надоранд", - шарҳ доданд вакилон.

Дар ҳоли ҳозир чанде аз мактабҳои миёнаи он кишвар ҳафтаи таҳсили 5-рӯзиро таҷриба мекунанд.

Қонун баъди имзои президент ба иҷро медарояд.

XS
SM
MD
LG