Ссылки доступа

Зани даллаи ӯзбек муштарии 16-солаашро куштааст


Дар ноҳияи Денауи Ӯзбекистон рӯзи дувуми Соли нав зани 27-сола, ки қаблан ду бор суд шуда буд, муштарии худ - хонандаи синфи 9-умро бо зарби корд ба қатл расондааст. Ин хабарро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ӯзбек ҳам тасдиқ карданд.

Ба гуфтаи шоҳидон, навраси 16-сола ба хонаи ин зани танфурӯш ҳамроҳи дӯстонаш рафтааст. Д.А, модари ду фарзанд, ки қаблан барои ташкили фоҳишахона суд шудааст, дар даромадгоҳи манзили зисташ хонандаи мактабро куштааст.

"Ин се наврас, ки якеашон хонандаи синфи 9-ум буд, 2 январ ба хонаи Д. мераванд. Дар манзили зани фоҳиша миёни онҳо ва соҳибхона ҷанҷол мешавад ва яке аз онҳо занро дашном медиҳад. Сипас ӯ кордро гирифта, ба қафаси синаи хонанда мезанад", - гуфт яке аз фаъолони Иттиҳоди ҷавонони Ӯзбекистон.

Ҳамсояҳои Д. мегӯянд, ӯро барои ташкили фоҳишахона ҷарима ҳам карда буданд. "Шоҳидон мегӯянд, ки наврас гурехта берун мебарояд, вале зан ӯро дар даромадгоҳ дастгир карда, ба қалбаш бо корд мезанад. Тамоми даромадгоҳ пур аз хун буд", - афзуд ҳамсояи гумонбар.

Дар ҳоли ҳозир, зидди Д.А. бо ҷурми "куштори барқасдона" парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG