Додгоҳ Муҳсинҷон Турсуновро пас аз ду соли талоқ дар “балкон”-и хонаи ҳамсари собиқаш маскун кард. Аммо Матлуба Қаробоева ҳамсари ин мард ӯро барои зиндагӣ дар хонааш роҳ надод.
Ин хонае, ки боиси баҳси зану шавҳари пешун шуд, як ҳуҷра дорад ва масоҳаташ 27 метри мураббаъ ҳаст. Ба ҷуз аз “балкон” дигар ҷое барои маскун кардани шавҳари пешин вуҷуд надорад. Маъмулан, дар ҳоле шикоят дар чунин баҳсҳо ба додситонӣ меравад, ки қарори додгоҳ иҷро намешавад.
Матлуба Қаробоева, ҳамсари Муҳсинҷон Турсунов гуфт, воқеан, иҷрочиёни суд омаданд ва вақте мехостанд, ӯро дар балкони хонааш маскун кунанд, ризоият надод. “Рафта шикоят кардааст. Лекин ман розӣ намешавам, ки дар балкони хонаам зиндагӣ кунад. Маро намефаҳманд, ки чӣ хел бо нафаре, ки маро талоқ додааст, дар як хона зиндагӣ мекунам”, - гуфт ӯ.
Матлуба Қаробоева пас аз 16 соли зиндагии муштарак, бинобар ҷангҳои тӯлонӣ, ду соли пеш аз ҳамсараш талоқ гирифт. Аммо ҳоло додгоҳ сарчашмаи, ба гуфтаи ӯ, ҷанҷолҳоро дубора бо ӯ ҳамхона кардан мехоҳад. Хона ба номи Қаробоева аст, аммо азбаски ҳамсари пешинаш ҷойе барои зист надорад, зоҳиран додгоҳ аз рӯи инсондӯстӣ бо қароре “балкон”-ро барои ин мард беҳтар аз кӯча донист.
Соли гузашта дар Тоҷикистон наздики 9 ҳазор ҷуфт аз ҳам пошидаанд. Тибқи иттилои Вазорати адлияи Тоҷикистон аксар хонаводаҳои аз ҳампошида гирифтори баҳсҳои манзил ва алимент шудаанд.