Ссылки доступа

ИМА: замони рақобатҳои ҳастаӣ дубора фаро расидааст


Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, давраи рақобатҳои ҳастаӣ миёни кишварҳои абарқудрати ҷаҳон дубора баргаштааст. Вашингтон Русия ва Чинро рақиби асосии ИМА медонад.

Ин нукта дар "Баррасии сиёсати ҳастаӣ"-и нави ИМА гуфта мешавад, ки дар нашрияи The Huffington Post чоп шудааст. Тарҳи "Баррасии сиёсати ҳастаӣ" ба ҷои доктринае нашр мешавад, ки соли 2010 дар давраи Барак Обама, президенти пешини ИМА қабул шуда буд.

Ин тарҳи стратегии нав нишон медиҳад, ки Вашингтон барои муқобала бо Русия ва Чин омодааст, маблағгузории низоми нави таслиҳот, бо шумули кулоҳакҳои ҳастаии камқудрат барои мушакҳои болдори Trident D5, замонавӣ гардонидани барномаҳои куҳна, аз ҷумла мушакҳои болдори Tomahawk-ро оғоз кунад.

Ба андешаи муаллифони стратегия, ин иқдом Русияро аз хаёле, ки нахустин шуда он метавонад ба Аврупо зарбаи ҳастаӣ бизанад, маҳрум хоҳад сохт.

XS
SM
MD
LG