Ссылки доступа

Мардум: Чаро пули барқи мо зиёд шуд?


Ба муроҷиати писари Дилбар Рузиматова дар идораи шабакаҳои барқии Душанбе гуфтаанд, барои як хатои ҳисобкунаки пули барқ, пули нерӯи барқи истифодакардаи онҳо барои чанд моҳ кам ҳисоб шудааст ва акнун онҳо бояд ҳамон пули камомадаро пардохт кунанд.

Аммо соҳибони хона мегӯянд, ин иштибоҳи нозири барқ аст ва бояд худаш пардохт кунад. “Онҳо дида гуфтаанд, ки ҳисобкунак чанг гирифтааст, якум рақам дар он нишон дода нашудааст. Барои ҳамин моро қарздор карданд. Касе ки хато кардааст, ӯро пурсанд охир. Чаро мо барои хатои ин нозири барқ бояд пул супорем? Дар вақташ бояд дуруст навишта медод. Мо аз рӯи ҳисоби вай маблағи барқро месупоридем. Мо рафта шикоят кардем” -мегӯяд, Дилбар Рузиматова

Шикоят аз пули зиёди барқ ин шабу рӯз дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Душанбе ва навоҳии дигар зиёд аст. Бархе норозигии худро аз кори нозирону барзиёд ҳисоб шудани пули барқ дар чанд моҳи ахири зимистон, дар Фейсбук менависанду сабаб мепурсанд, аммо бархеи дигар расидҳо дар даст барои огоҳ шудан аз асли воқеа ба идораҳои шабакаҳои барқӣ мераванд.

Дар ҳоле, ки сокинон дар барзиёд шудани пули барқи худ бархе нозиронро гунаҳкор медонанду, бархи дигар кори ҳисобкунакҳоеро, ки солҳои ахир насб шудаанд зери шубҳа мебаранд, кормандони шабакаҳои барқӣ мегӯянд, ин ҷо ягон муаммо нест.

Ба гуфтаи Шамсулло Гулмуродов, нозири барқ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, сабаби зиёд шудани пули барқ ҳудудан 15 дар сад боло рафтани арзиши истифодабарии барқ дар моҳи октябр ва ҳамчунин афзоиши талабот ба барқ дар 2 моҳи ахири фасли сармо аст.

Қимати нерӯи барқ аз якуми октябр дар Тоҷикистон зиёд шуд. Тибқи нархномаи қаблӣ сокинон барои ҳар киловат соат нерӯи барқ 14,65 дирам пардохт мекарданд. Тибқи нархномаи нав, ҳоло барои ҳар қиловат соат 17-дирамӣ бояд супоранд. Чанд соли ахир ширкати “Барқи тоҷик” масрафи барқро бо ҳисобкунакҳои сохти Чин ҳисоб мекунанд, ки бар асоси барномаи коҳиши талафоти нерӯи барқ бо сармояи Бонки Ҷаҳонӣ ворид шудааст.

XS
SM
MD
LG