Ссылки доступа

Муфтии пешини Қирғизистон дар робита "ба парвандаи бисёрҳамсарӣ" вакилонро ба додгоҳ накашид


Муфтии пешини Қирғизистон Чубак Ҷалилов вакилони порлумонро ба додгоҳ накашидааст. Дар ин бора вакили дифои вай Акин Токталиев хабар дод.

Ба гуфтаи вакил, иттилои расонаҳо дар бораи он ки Ҷалилов тасмим дорад, аз рӯи вакилони порлумон Аида Қосималиева ва Элвира Сурабалдиева, инчунин ҳомиёни ҳуқуқ Бубусарой Рисқулова ва Азиза Абдирасулова ба додгоҳ шикоят барад, воқеият надорад.

"Ба мо ҳоло хулосаи тафтишеро, ки гӯё дар робита ба нафари таҳти ҳимояти ман анҷом мешавад, нарасондаанд. Мо баъди он тасмим мегирем", - гуфт Токталиев.

Пештар аз ин дар Интернет наворе нашр шуд, ки муфтии пешини Қирғизистон бисёрҳамсариашро эътироф мекунад. Баъди он муфтиро ба мақомот даъват ва бозпурсӣ карданд. Муфтӣ дар ҷараёни бозпурсиҳо гуфт, "ҳамсари аввалро қонунӣ ва дувумиро маҳбуба" медонад.

Вакилони порлумони Қирғизистон ҳарфҳои муфтии пешинро "даъвати зидди сохти дунявӣ" унвон карданд. Вакилон аз мақомот хостанд, гуфтаҳои Ҷалиловро таҳқиқ кунанд.

XS
SM
MD
LG