Ссылки доступа

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, истифодаи Bitcoin хатар дорад

Бонки миллии Тоҷикистон бори нахуст мавқеи расмии худро дар марвиди Bitcoin - як навъ асъори рақамӣ ва ё крипто-асъор баён кард.

Ин ниҳод 15 январ дар мавриди Bitcoin гуфт, ҳамаи доду гирифт ба воситаи он асъори маҷозӣ ба таври ниҳонӣ ва ё анонимӣ сурат мегирад ва ин ҳолат “хатар ва хавфи иҷрои амалиётҳои марбут ба маблағгузории терроризм ва шустушӯи пул ва дигар амалиётҳои молиявии ғайриқонуниро зиёд мекунад”.

Зеро ба гуфтаи Бонки миллӣ, амалиётҳо бо крипто-валютаи Bitcoin бидуни бонкҳо бевоиста миёни дорандагони он сурат мегирад. Ин ҳолат, ба навиштаи Бонки миллӣ, хатарро дар пай дорад. Барои мисол, Бонки миллӣ гуфтааст, дар интернет ҳолатҳое буд, ки фурӯши маводи психотропӣ ва маводи нашъадор тавассути Bitcoin ҷой дошт.

Аз сӯи дигар, Бонки миллӣ дар робитба ба Bitcoin мегӯяд, “қурби Bitcoin ноустувор буда” зиёд болову поин меправад ва “характери ҳаннотӣ- спекулиятивӣ дорад. Аз ин рӯ, Бонки миллӣ бо такя ба гуфтаи коршиносон тавсия медиҳад, ки ҳангоми харидорӣ аз Bitcoin аз эҳтиёт кор бигиранд.

Мақомот таъкид мекунанд, ки Bitcoin дар қонунгузории Тоҷикистон ҳамчун воситаи муомилот эътироф нашудааст ва бинобар ин, ҳамагуна муомилаҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ танҳо бо пули миллӣ – Сомонӣ сурат мегиранд.

Bitcoin як навъи асъори рақамӣ (крипто-асъор) буда, он танҳо дар доираи шабакаи Интернет нашр ва муомилот мешавад. Айни замон 1 биткоин ба 14 ҳазору 111 доллар баробар аст. Дар оғои пайдоишаш 1000 Bitcoin ҳамагӣ 3 сент қурб доштанд.

Воҳиди хурдтари Bitcoin- ва ё дирами он Сатоши аст. Бинобар ба таври бесобиқа гарон шудани Bitcoin бисёре аз харидорон чанд Сатоши мехаранд. Тибқи иттилои тасдиқношуда барномасози ҷонпонитабор Сатоши Накамата аз поягузорони Bitcoin аст.

XS
SM
MD
LG