Ссылки доступа

Нурсултон Назарбоев вориди Вашингтон шуд


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар доираи як сафари расмии серӯза вориди шаҳри Вашингтон шуд. Ба огаҳии дафтари матбуотии президенти Қазоқистон, Назарбоев қарор аст, дар ҷараёни ин сафар бо ҳамтои амрикоии худ Доналд Трамп ва доираҳои расмиву соҳикбории ИМА дидору гуфтугӯ кунад.

Ҳамчунин иштироки президенти Қазоқистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ дар назар аст. Расонаҳои расмии Қазоқистон пештар хабар доданд, ки дар ҳошияи сафари Назарбоев ба Вашингтон раҳбарони ду кишвар дар робита ба шарикии стратегии худ ва созишномаҳои "чандмиллиарддолларӣ" изҳоротеро имзо хоҳанд кард.

Кохи сафед низ бо тасдиқи ин хабар гуфт, раҳбарони ИМА ва Қазоқистон роҳҳои тақвият ва густариши шарикии стратегӣ дар робита ба амнияти минтақаӣ ва ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ хоҳанд кард. Ин ниҳод афзуда, ки дар суҳбати Назарбоеву Трамп аз ҷумла вазъи Афғонистон ҳам баррасӣ мешавад.

Хабаргузории расмии Қазоқистон пеш аз сафари президенти ин кишвар ба ИМА иттилоъ дод, ки Назарбоев дар гуфтугӯ бо Трамп муносибатҳо бо Русия, ҷанги Сурия ва масъалаҳои тиҷориро баррасӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG