Ссылки доступа

Барои имзо ба ҷонибдорӣ аз Путин донишҷӯён ва коргаронро бо автобус меоранд


Телевизиони маҳаллии Бийск хабар дод, ки донишҷӯён ва коргарони корхонаҳоро ба таври дастаҷамъӣ ба маҳалли ҷамъоварии имзо ба ҷонибдорӣ аз номзадии Владимир Путин меоранд.

Гузориши телевизион дар интернет нашр шуд. Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки яке аз ду нуқтаи ҷамъоварии имзо ба ҷонибдорӣ аз номзадии Путин дар кохи фарҳанг ва варзиши корхонаи дорусозии Бийск таъсис шудааст.

Ба гуфтаи яке аз кормандони корхона, барои онҳо нақлиёт муҳайё карда шуд, ки хоҳишмандон тавонанд, ба маркази овоздиҳӣ рафта ба ҷонибдорӣ аз пешбарии номзадии Путин имзо гузоранд. "Мо ин корро кардем", - мегӯяд вай.

Нуқтаи ҷамъоварии имзо чаҳор рӯз фаъол буд. "Дар ин муддат тақрибан ҳамаи кормандони корхонаҳои шаҳрӣ ва донишҷӯён ба ҷонибдорӣ аз номзадии Путин имзо гузоштанд", - мегӯяд таҳиякунандаи гузориши телевизион.

Нуқтаи дувуми ҷамъоварии имзоҳо дар назди яке аз марказҳои тиҷорӣ таъсис шудааст.

Интихоботи президентӣ дар Русия 18 марти соли ҷорӣ таъйин шудааст. Маъракаи интихоботӣ 18 декабри соли 2017 шуруъ шуд. Владимир Путин, президенти амалкунандаи Русия, Ксения Сабчак - ровии телевизион, Борис Титов - ваколатдор дар умури ҳимояи ҳуқуқи соҳибкорон, раиси ҳизби "Яблоко" Григорий Явлинский ва дигарон ба ҳайси номзад сабти ном шудаанд.

XS
SM
MD
LG