Ссылки доступа

Репортаж аз дохили мусофирбарҳои Душанбе (гулчин)

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Як сол пеш дар наздикии фурудгоҳи Бишкек ҳавопаймое суқут кард. Дар ин муддат чӣ чиз тағйир ёфт? (видеои Настоящее время)

- "Дар ҷамоат будам, хонаамро писарам қариб оташ зад". Сокинони як деҳа дар ноҳияи Восеъ шикоят доранд, ки нерӯи барқи онҳоро мақомот қатъ мекунанд ва аз онҳо хостаанд, трансформати нав оварда гузоранд. Ҷанҷол ҳар рӯз то ҷамоат меравад, натиҷа ҳоло маълум нест (видео аз Директ)

- Муҷозоти масъули "Сомон Эйр" барои огоҳ накардани мусофирон дар бораи тағийри вақти парвоз. (видео)

- Сабаби камбизоатии деҳқонони тоҷик тарзи бесамари корашон будааст. Коршиносони байналмилалӣ таъкид мекунанд, ки кишоварзони тоҷик ва ба вижа хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ба ислоҳоти ҷиддӣ ва истифодаи фанновариҳои замонавӣ ниёз доранд (видео)

- Репортаж аз дохили мусофирбарҳои Душанбе. Хабарнигорони Радиои Озодӣ роҳи мушкили мусофиронро дар нақлиёти ҷамъиятии Тоҷикистон таҷриба карданд (видео)

- Як лӯлӣ барои ҳамтаборонаш мактаб сохт. Як сокини деҳаи лӯлитаборон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои атфоли маҳаллӣ мактаб сохтааст. Акбаралӣ -- ин мактабдори бемаълумот аз ҷануби Тоҷикистон мехоҳад ҳамтаборони лӯлиашро ба таълиму тарбия фаро гирад (видео)

- "Бо ин ҳавопаймо ба Помир чӣ хел мерасем?". Сокинон назарашонро дар бораи хизматрасонии ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд (видео)

- Назарбоев ва панҷ президенти ИМА. 16–18 январ сафари расмии президенти Қазоқистон ба ИМА анҷом мешавад. Назарбоев бо ҳамтои амрикоияш мулоқот мекунад (нигористон)

- "Бо кордҳо ворид шуданд ва ҳар кӣ аз пешашон баромад, ҳамла карданд": дар мактаби №127 дар шаҳри Перми Русия чӣ гузашт. Хонандаи пешини мактаб Лев ва хонандаи синфи болоӣ Александр (мутаносибан 16 ва 17 сола) бо корд вориди мактаб шуда, ба омӯзгори синфи 4 ва хонандагони ин синф ҳамла карданд (видео аз Директ)

- Мағозаи хайриявӣ барои эҳтиёҷмандон (видео)

- Меъморӣ бо ях (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG