Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон зиндониёнро ба маҳбаси нав мекӯчонанд (видео)


Зиндониҳои маҳбаси №1-и шаҳри Тошкандро, ки бо номи Тошзиндон маъруф аст, ба маҳбаси нав, ки дар ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд сохта шудааст, интиқол медиҳанд.

Бино бар иттилои кормандони зиндон, дар ҳоли ҳозир дар Тошзиндон наздики 20 нозир боқӣ мондааст. Қабули ғизову либосро барои зиндониҳо манъ карданд. "Сар аз 15 январ интиқоли зиндониҳо шуруъ шуд", - хабар медиҳад манбаъ.

Дар Тошзиндон барои нигаҳдории зиндониҳо 4 бино мавҷуд буд. Вақтҳои охир дар ин зиндон 2,5 ҳазор одам нагаҳдорӣ мешуд. Зиндони нав дар ноҳияи Зангиота дорои 9 бино аст.

"Зиндони нав бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз шудааст. Аз ҳудуди зиндон роҳи оҳан мегузарад", - мегӯяд як масъули Тошзиндон.

Моҳи июли соли 2015 дар ҷаласаи СММ, ки ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Ӯзбекистон бахшида шуда буд, намояндагони ӯзбек аз сохтани зиндони нав хабар доданд. Ба гуфтаи мақомоти ӯзбек, зиндони нав дар кишварҳои ИДМ ягона зиндоне хоҳад буд, ки ба ҳамаи талаботи байналхалқӣ ҷавобгӯ аст.

Новое СИЗО в Зангиатинском районе Ташкентской области.
Новое СИЗО в Зангиатинском районе Ташкентской области.

Расонаҳо пештар хабар доданд, ки Тошзиндон вазъи баде дорад.

Территория, прилегающая к Таштюрьме, находится в плачевном и заброшенном состоянии
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:51 0:00

XS
SM
MD
LG