Ссылки доступа

Боздошти ду навраси рус баъди ҳамла ба мактаб


Додгоҳи шаҳри Перми Русия ду наврасро, ки рӯзи душанбе ба мактаб ҳамла карданд, то ду моҳ ба ҳабс гирифт. Ҷаласаи додгоҳ дар бемористоне баргузор шуд, ки наврасон онҷо бистарӣ ҳастанд.

Ҳамла ба мактаби №127 дар шаҳри Перм субҳи 15 январ сурат гирифт. Ҳамлакунандагон - яке хатмкарда ва дигарӣ хонанда - бо корд ҳамла карданд. Ба иттилои расонаҳо, ташаббускори 16-солаи ин ҳамла дар қайди бемористони касалиҳои равонӣ аст.

Дар ин моҷаро 15 одам ҷароҳат бардошт, ки миёнашон хонандагони синфи 4 ва омӯзгори ин мактаб Наталия Шагулина ҳастанд. Шагулина бо ҷароҳати зиёд дар бемористон бистарӣ шуд. Бино бар бархе фарзияҳо, маҳз вай ҳадафи ҳамлаи наврасон буд.

Мақомот бо моддаи талоши куштор парванда боз карданд.

XS
SM
MD
LG