Бино бар гузориши пулис, лейтенанти калони милиса Е. Имонбеков баъди он ки шаби 17 январ ҳангоми ҳаракат дар шаҳри Остона "дар роҳи яхкарда аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба дарвоза ва девори қароргоҳ бархӯрд", аз мақомот ронда шуд.
Пулис мегӯяд, ҳамроҳ бо Имонбеков роҳбари вай, капитани милиса Ҷумахметов низ аз кор ронда шуд.
Ҳамчунин чанд корманди дигари пулис дар робита ба ин ҳодиса "танбеҳ" гирифтаанд.