Ссылки доступа

Изҳори таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ӯзбекистон


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо марги 52 шаҳрванди Ӯзбекистон дар сӯхтори автобусе дар Қазоқистон ба ҳамтои худ Шавкат Мирзиёев ҳамдардӣ баён кард.

Дар барқияи президенти Тоҷикистон гуфта мешавад, ки хабари сӯхтор дар автобусро, ки субҳи 18 январ дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон рух дод, бо андӯҳи амиқ қабул кардааст.

“Аз Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович хоҳиш менамоям, ки изҳори таслият ва ҳамдардии моро аз номи мардум ва ҳукумати Тоҷикистон ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон расонед”, - омадааст дар матни барқия. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба осебдидагони фоҷеа барқарории солим таманно кардааст.

Ёдрас мешавем, соати 10:30-и субҳи 18 январ дар натиҷаи оташ гирифтани як автобуси мусофирбар дар шоҳроҳи Самара — Чимкент, дар ҳудуди вилояти Оқтеппаи Қазоқистон дасти кам 52 одам ҷон бохта, чанд тани дигар осеб дидаанд.

Хабаргузориҳои маҳаллӣ иттилоъ доданд, ки автобуси оташгирифта навъи "Икарус" буда, 57 мусофири он шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд.

XS
SM
MD
LG